НАМОЗИ МАЙИТ (#14642)

*Хондани намози майит дар ҳаққи оне фарз аст, ки синнаш бештар аз понздаҳ сол будааст. Ин ягона намозест, ки дар диёнати Баҳоӣ ба тариқи дастаҷамъӣ, дар ҳолате, ки як нафар онро мехонад ва дигарон рост меистанд, қироат мешавад. Дар вақти хондани ин намоз, ба сӯи Қибла рӯ овардан шарт нест. 

Эй Худои ман! Ин бандаи Ту ва писари бандаи Туст, ки ба Ту ва ба оёти Ту имон оварда ва аз ҳама, ҷуз Ту гузашта, ба Ту рӯй овард. Ба ростӣ, Туӣ Меҳрабонтарини Меҳрабонон.
Суол мекунам, Туро, Эй Омурзандаи гуноҳон ва Пӯшандаи айбҳо, то ба ӯ ончунон рафтор намоӣ, ки шоистаи осмони бахшиши Туст ва дарёи диҳиши Ту ва ӯро дар паноҳи меҳрабонии бекарони Худ, ки аз замин ва осмон пешӣ гирифтааст, дохил намоӣ. Нест Худое ҷуз Ту, Омурзанда ва Диҳанда.

*Сипас ба гуфтани такбир бояд шурӯъ намуд, шаш бор “Аллоҳу Абҳо” гуфт ва баъд аз он нуздаҳ мартаба ҳар яки ин оятҳоро такрор намуд: 

Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро парастиш менамоем.
Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро саҷда менамоем.
Ба ростӣ, мо ҳама, ба Худо вафодорем.
Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро зикр менамоем.
Ба ростӣ, мо ҳама, Худоро шукр мекунем.
Ба ростӣ, мо ҳама, барои Худо сабр менамоем.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

